LIVE

"Бавария"-ро намояндаи Бундеслигаи дуюм аз Ҷоми Олмон берун кард

Дар доираи бозиҳои даври 1/16 ниҳоии  Ҷоми Олмон   дастаи Бундеслигаи дуюм “Холштайн” дар майдони худ тими "Бавария"-и Мюнхенро пазируфт.   Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум  Серж Гнабри боз намуд.  Дар миёнаҳои қисмати якум  Фин Бартелс  голи ҷавобиро вориди дарвозаи мюнхениҳо намуд.  Дар лаҳзаҳои аввали нимаи дуюми вохӯрӣ Лерой Сане  боз меҳмононро ба пеш баровард.  Дар дақиқаҳои иловагии дидор Хауке Вал боз таносубро барқарор сохт.  
Дар овертайм ҳам дастаҳо натавонистанд ғолибро муайян кунанд. Кор ба силсилазарбаҳои 11 метра расид. Дар  задани пеналтӣ футболбозони  "Холштайн"  маҳорати баланд нишон дода,   пирӯзӣ ба даст оварданд. Ҳамин тавр, "Бавария" аз идомаи бозиҳо  дар Ҷоми Олмон маҳрум шуд. "Холштайн" роҳхати даври 1/8 ниҳоии мусобиқотро ба  даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив