LIVE

“Тоттенхэм” аз Ҷоми Англия уфтод

Дишаб рақобатҳо дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия оид ба футбол баргузор шуд. Дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия дастаи “Тоттенхэм” дар майдони худ тими “Норвич” - ро пазируфт. Ҳисобро дар дақиқаи 13-ум ҳимоятгар Ян Вертонген боз намуд.  Дар дақиқаи 78-ум меҳмонон ба ин гол ҷавоб гуфтанд. Йосип Дрмич ба задани гол даст ёфт. Ҳамин тавр то анҷоми вақти асосӣ ва ҳатто дақиқаҳои иловагии дидор ҳисоб мусовӣ монд. Дар силсилазарбаҳои 11 метра бошад, футболбозони “Норвич” маҳорати баланд нишон дода, дастболо гардиданд. Ҳамчунин дар бозии дигари даври мазкур дастаи “МС” дар сафар дастаи “Шеффилд Юнайтед” -ро мағлуб намуд. Голи ягонаи вохӯриро дар дақиқаи 53-юм Серхио Агуэро ба ҳадаф расонид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив