LIVE

Устод шогирдро ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия роҳ надод

Танҳо силсилазарбаҳои 11 метра ғолиби ду бошгоҳи шаҳри Лондонро дар доираи бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия муайян намуд. Дар вақти асосии дидор «Тоттенхэм» ва «Челси» ба дарвозаи ҳамдигар як голӣ заданд. Дар қисми аввал бартарӣ бештар дар “ашрофзодаҳо” буд ва дар ин ҳолат Вернер тавонист, ҳисобро боз намояд. Дар нимаи қисми дуюми дидор шогирдони Жозе Моуриню бо шарофати зарбаи нишонраси Ламела таносубро барқарор намуда, аз бохт наҷот ёфтанд. Баъд аз ин футболбозон дар қисми иловагии дидор ба задани гол даст наёфтанд. Дар задани силсилазарбаҳои 11 метра бозингарони дастаи “Тоттенхэм” ҳамаи панҷ кӯшишро бо муваффақият анҷом доданд. Аммо бозингари “Челси” Мэйсон Маунт дар ин лаҳзаи ҳассос ба иштибоҳ роҳ дода, дастаашро аз идомаи рақобатҳои Ҷоми Лигаи Англия маҳрум сохт. Ҳамакнун дастаи “Тоттенхэм” ба даври ¼ ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив