LIVE

Игор Черевченко сармураббии бошгоҳи «Истиқлол» шуд

Дастпарвари футболи тоҷик - Игор Черевченко сармураббии бошгоҳи «Истиқлол» шуд. 
Охирин ҷои кори мутахассиси 48-сола бошгоҳи «Химки» маҳсуб мешавад. Черевченко аз моҳи феврали соли 2022 бекор буд.
Ба Черевченко як чанд пешниҳодҳо аз дастаҳои Руссия ва хориҷ буд, аммо дар ниҳоят собиқ бозингари дастаи “Помир” "Истиқлол"-ро интихоб кард. 
Игор Черевченко як замон довталаби асосӣ ба мақоми сармураббии мунтахаби кишвар низ гуфта мешуд, аммо мутахассис он вақт дар тимҳои Русия кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омадааст.
Фаъолияти футболии Игор Черевченко аз соли 1992 дар тими «Помир» оғоз шудааст. Дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ карда,  узви тими миллии Тоҷикистон низ буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив