LIVE

“Химки” расман аз рафтани дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко хабар дод

“Химки” дар саҳифаи расмӣ истеъфои Игор Черевченкоро аз вазифаи сармураббии клуб эълон кард. Шартнома бо созиши тарафайн бекор карда шуд. 
"Клуб ба Игор Геннадевич ва ҳайати мураббиён барои кори касбиашон ташаккур гуфта, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш барори кор ва пирӯзиҳои бузург орзу мекунад!" — гуфта шудааст дар саҳифаи расмии дастаи «Химки».
Ба рӯйхати номзадҳо ба вазифаи сармураббии клуби вилояти Маскав мураббии “Шинник” - Вадим Евсеев, мураббии собиқи “Уфа” - Рашид Раҳимов шомиланд.. Черевченко сар аз соли 2020 сармураббии “Химки” маҳсуб мешуд. Бошгоҳи вилояти Маскав дар 12 бозӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали Премйер-Лигаи Русия дар мавсими 2021/22 дар зинаи 14-ум қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив