LIVE

Черевченко ба Ватани падарӣ бармегардад

Дастпарвари футболи тоҷик - Игор Черевченко метавонад, ки сармураббии бошгоҳи «Истиқлол» шавад.
Худи ӯ зимни як мусоҳиба иқрор шуд, ки барои кор дар Осиё ҳавасманд аст ва дастаи ӯ метавонад қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон бошад.
Черевченко ҳангоми бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия дар Тоҷикистон буд ва аввалин марҳилаи гуфтушунидҳо дар ҳамон лаҳза анҷом шудаанд.
Охирин ҷои кори мутахассиси 48-сола бошгоҳи «Химки» буд. Черевченко аз моҳи феврали соли 2022 бекор аст.
Айни замон агенти Черевченко бо чанд бошгоҳ гуфтушунид дорад ва яке аз онҳо тими "Истиқлол" мебошад.
Ҷониби «Истиқлол» низ омадани собиқ бозингари тими миллии кишвар ва дастаи овозадори “Помир”-и Душанберо рад накардааст ва гуфтаанд, ки то аввалҳои моҳи январ маълум мешавад.
Игор Черевченко як замон довталаби асосӣ ба мақоми сармураббии мунтахаби кишвар низ гуфта мешуд, аммо мутахассис он вақт дар тимҳои Русия кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко дар Тоҷикистон, дар оилаи собиқадори футболи тоҷик, устоди варзиши СССР ва капитани дастаи «Помир»-и Душанбе Геннадий Черевченко ба дунё омадааст.
Фаъолияти футболии Игор Черевченко аз соли 1992 дар тими «Помир» оғоз шудааст. Дар ин бошгоҳ то соли 1994 бозӣ кардааст ва узви тими миллии Тоҷикистон низ буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив