LIVE

Черевченко иқрор шудааст, ки дастаи ояндаш берун аз марзи Россия мебошад

Собиқ сармураббии дастаи «Химки» - Игор Черевченко дар бораи имконоти эҳтимолии идомаи фаъолияти касбиаш сухан гуфтааст.
"Зангҳо ҳастанд. Аммо ман намегӯям, ки дар куҷо. Ҳанӯз омода нестам. Ман фикр мекунам, ки ба эҳтимоли зиёд, пас аз декабр шумо метавонед маро боз дар ҷои кор интизор шавед. Ин бештар дар хориҷа аст. Вариантҳо аз хориҷа, яъне берун аз марзи Россия. Ман ҳеҷ гоҳ тахмин намекунам. Эҳтимол, ин дар моҳи январ ё шояд баъд аз ду ҳафта бошад”, гуфтааст Черевченко.
Ёдовар мешавем,ки собиқ футболбози дастаи "Помир"-и Душанбе ва тими миллии Тоҷикистон баъд аз қатъи ҳамкорӣ бо дастаи "Химки" бекор аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив