LIVE

Эл-Класико дар Суперҷоми Испания

"Барселона" ва "Реал Мадрид" дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания вомехӯранд. Ин бозӣ 15-уми январ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқот "Барселона" бар "Бетис" пирӯз шуда буд. 
«Реал Мадрид» дар навбати худ бар «Валенсия» аз рӯи иҷрои  силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд.
Ғолиби феълии Ҷоми Испания “Реал Мадрид” аст, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи соли гузашта бар «Атлетик» пирӯз шуда буд.
Рекордгузор аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Суперҷоми Испания «Барселона» мебошад, ки 13 маротиба соҳиби Ҷом шудааст. «Реал Мадрид» дар ҷои дуюм аст. «Клуби шоҳона» 12 бор барандаи ин мусобиқа шудааст.

Next Post

Комментарии 1

Shorukh
Shorukh от 16 января 2023 00:27
Реал Мадрид ба пеш

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив