LIVE

Педри ва Торрес дар Суперҷоми Испания иштирок мекунанд

Натиҷаи ташхиси коронавируси ду бозигари “Барселона” Педри ва Ферран Торрес  манфӣ баромаданд, хабар медиҳад клуби каталонӣ дар Твиттер. Қайд карда мешавад, ки Педри ва Торрес акнун метавонанд бо даста тамрин кунанд. Илова бар ин, онҳо ҳатто метавонанд дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания бар зидди "Реал Мадрид" бозӣ кунанд. Ёдовар мешавем, ки бозии даври 1/2 финали Суперҷоми Испания миёни дастаҳои "Барселона" - "Реал"  12 январ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив