LIVE

Бензема ва Бэйл дар Суперҷоми Испания иштирок намекунанд

Ҳамлагарони «Реал» Карим Бензема ва Гарет Бэйл дастаи худро дар бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Испания кӯмак карда наметавонанд.  Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шоҳона иттилоъ медиҳад. Бензема дар мушакҳои пушти пояш дардро эҳсо мекунад ва вазъи саломатии ҳамлагари дигари даста,  Бэйл  низ хуб нест. Ба ҳамин хотир ҳарду бозигари хати ҳамлаи “Реал” дар ин дидори муҳим ба майдон нахоҳанд баромад.  Ёдовар мешавем, ки бозии даври ½ ниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои «Реал»  ва «Валенсия» рӯзи 8-уми январ дар шаҳри Ҷидаи Арабистони Саудӣ сурат мегирад.  Ҷуфти дигари даври нимниҳоии Суперҷоми Испанияро дастаҳои «Барселона» ва «Атлетико» ташкил медиҳад, ки бозии онҳо рӯзи 8-уми январ дар назар аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив