Ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” Карим Бензема дар Суперҷоми Испания рекорди Мессиро такрор кард.
Ҳамлагар дар панҷ бозии ин мусобиқа пайдарпай ба задани гол даст ёфт.
Ёдовар мешавем, ки “Реал Мадрид” дар даври ниманиҳоии ин мусоба аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар “Валенсия” (4:3) пирӯз шуд.
Бензема дар дақиқаи 39-ум зарбаи 11-метраро ба самар расонид. Ин гол барои ҳамлагари фаронсавӣ дар Суперҷоми Испания панҷумин гол буд. Аз рӯи ин нишондод ӯ рекорди ҳамлагари аргентинӣ Лионел Мессиро такрор кард.
Дар финали Суперҷоми Испания дастаи “Реал Мадрид” бо ғолиби ҷуфти “Барселона” – “Бетис” бозӣ мекунад.