LIVE

Карим Бензема бо пероҳани “Реал” дастоварди таърихӣ гузошт

Ҳамлагар Карим Бензема дар даври 20-уми чемпионати Испания бар зидди «Валенсия» рекорди «Реал Мадрид»-ро гузошт. 
Дар ин вохӯрӣ ҳамлагар дубл намуд. Голи аввалинро Карим аз зарбаи 11-метра ба самар расонид. Хабар дода мешавад, ки ҳамлагар дар маҷмуъ бо перощани бошгоҳи “Шоҳона” 15 пеналтӣ (13 дар Чемпионати Испания, 1 дар Ҷом 1 дар Лигаи Чемпионҳо) иҷро намудааст ва тамоми зарбаҳои ӯ ба нишон расидаанд. Дар таърихи “Реал Мадрид” ягона бозигар шуд, ки чунин натиҷаро нишон дод. Ӯ боре ҳам дар иҷрои зарбаи 11-метра хато накардаст.
Худи ин бозӣ бо пирӯзии “Реал Мадрид” бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив