LIVE

Карим Бензема рекорди асрро гузошт

Ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема дар бозии охирини Ла Лига бо “Малйорка” (6:1) ду гол зада, ду партофти головар анҷом дод. Танҳо дар шаш даври аввали чемпионат, Карим аллакай аз рӯи системаи гол + пас 15 (8 + 7) хол ба даст овардааст. Ҳамлагар дар 5 бозии аввали Ла Лига 8 гол зада, 7 партофти головар анҷом додааст. Ин натиҷаи рекордӣ дар байни 5 Лигаи беҳтарини Аврупо дар асри 21 ба ҳисоб меравад.  Бензема аз соли 2009 дар “Реал Мадрид” бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив