LIVE

«Реал» ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания баромад

Дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания “Реал Мадрид” бо “Алкояно” вохӯрд. Бозӣ бо пирӯзии бошгоҳи шоҳона бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 39-ум кушода шуд. Голро Эдер Милитао ба самар расонд. Дар дақиқаи 66-ум мизбонон пас аз зарбаи дақиқи Даниэл Вега ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 76-ум Марко Асенсио боз “Реал Мадрид”-ро ба пеш баровард. Баъди ду дакика “Реал Мадрид” ҳисобро боз тағйир дод. Ҳамин тариқ мадридиҳо  ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфтанд. Барандаи феълии Ҷоми Испания «Барселона» мебошанд, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Атлетик Билбау” ғалаба карда буд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив