LIVE

“Атлетик” ва “Барселона” боз дар финал

Бозии ҷавобии нимфинали Ҷоми Испания байни “Леванте” ва “Атлетик” аз Билбао баргузор шуд, ки бо пирӯзии меҳмонон дар вақти изофӣ ба охир расид - 2:1. Ҳисоб дар дақиқаи 17-ум кушода шуд  ҳамлагари "Леванте" Роҳер Марти гол зад ва баъд аз 13 дақиқа нимҳимоятгари "Атлетик" Раул Гарсия зарбаи 11-метраро бидуни иштибоҳ иҷро кард ва паритетро барқарор кард. Ҳамлагари "Атлетик" Алехандро Беренгуер дар дақиқаи 112-уми вохӯрӣ бо голи задааш дастаи худ ба финали Ҷоми Испания баровард.  Ёдовар мешавем, ки бозии аввал, ки дар Билбао баргузор шуд, мусовӣ - 1:1 хотима ёфт буд. Дар сабқати ниҳоии Ҷоми Испания, “Атлетик” бо “Барселона” бозӣ мекунад. Каталониҳо баъд аз бохт дар бозии аввал (0:2) дар вохӯрии ҷавобӣ бо се голи беҷавоб ба пирӯзӣ даст ёфтанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив