LIVE

Бохти "Реал" ва "Барселона"

Дар марҳилаи чорякниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Испания, шоми дирӯз дастаҳои "Реал Мадрид" бо "Реал Соседад" ва "Атетик Билбао" бо "Барселона" вохӯрданд. Аз ҳама аҷибаш дар ин бозиҳо он буд, ки ҳар ду дастаи овозадори испанӣ аз рақибони худ шикаст хӯрданд. Дастаи шоҳона бо ҳисоби 3:4 аз "Реал Соседад" шикаст хӯрда, ин шикаст барои Зидан бори аввал аст, ки бо чунин нишондоди калон рӯй додааст. "Барселона" бошад, баъди он ҳама низои дохилӣ, ки дар дохили бошгоҳ байни бозингарон, роҳбарияти даста ва сармураббӣ вақтҳои охир ҷараён дорад, дар сафар аз "Атлетик" бо ҳисоби минималии 1:0 шикаст хӯрд. Дар 7 соли охир, ин бори аввал аст, каталониҳо дар финали Ҷоми Испания бозӣ нахоҳанд кард. Факти ҷолиби дигар он аст, ки ҳар ду даста баъди 65 сол, дар як рӯз аз Ҷоми Испания нокомӣ насибашон гашт. Ҳам бошгоҳи шоҳона ва ҳам бошгоҳи каталонӣ, охирин маротиба дар як рӯз, 29 майи соли 1955, чунин натиҷаи бохтро дар мархилаи нимниҳоӣ чашида буданд. "Реал» аз "Севиля" бо ҳисоби бузурги (0:5, бозии аввал – 1:3), ва «Барселона» боз ҳам аз «Атлетик» бо ҳисоби 2:2 (бозии аввал – 0:2) ба бохт дучор омада буданд.
Ҳамин тавр, дар 17 соли охир, бори аввал аст, ки на "Реал" ва на "Барселона" дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Испания роҳ наёфтанд. Баъди ин бозиҳо ҳама иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоӣ маълум гаштанд.⚠ Рӯйхати иштирокчиёни марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Испания 2019/20: 🏆🇪🇸

— "Мирандес"
— "Атлетик"
— "Реал Соседад"
— "Гранада"

⏰ Қуръакашӣ имрӯз  соати 17:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив