LIVE

Аритс Адурис пойафзоли варзишиашро овезон кард

Ҳамлагари  бошгоҳи   “Атлетик” - Аритс Адурис корномаи варзишиашро хотима дод. Ин футболбози 39 сола беҳтарин нишонзани “Атлетик” Билбао дар асри 21 ба ҳисоб меравад.  Дар маҷмуъ Адурис  дар ҳайати бошгоҳи мазкур 407 бозӣ карда, ба  задани 172 гол даст ёфтааст. Дар рӯйхати умумии нишонзанҳои беҳтарин Аритс зинаи шашумро ишғол мекунад. Соли 2015 ин футболбоз  дар ҳайати “Атлетик” Суперҷоми Испанияро ба даст оварда буд.  Дар ҳайати мунтахаби Испаня дар 12  вохӯрӣ ба майдон баромада, 2 гол задааст. Адурис  нақша дошт баъди финали Ҷоми Испания ба фаъолияти бозигариаш нуқта гузорад, вале мавсим бо сабаби пандемияи Ковид - 19 ба таъхир афтод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив