LIVE

"Барселона" соҳиби боз як дастоварди дигар


Дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Испания    дастаҳои “Барселона” ва “Севиля” бо ҳам вохӯрданд.  Рақобат дар варзишгоҳи “Камп Ноу”  баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди  мизбонон ба анҷом расид.  Вохӯрӣ ба вақти изофа кашида шуд. Қисми асосии дидор бо ҳисоби 2 бар 0  поён ёфта буд. Усмон Дембеле  дар дақиқаи 12-ум голи якумро вориди дарвозаи “Севиля” намуд.    Дар дақиқаи 73-юм  нимҳимоятгари меҳмонон Лукас Окампос аз пеналтӣ гол зада натавонист. Дар лаҳзаҳои охири  қисмати   асосии бозӣ  довар   бозигари “Севиля” Фернандоро аз  майдон   берун кард.  Дар дақиқаҳои иловагӣ Жерар Пике   натиҷаро 2 бар 0 намуд.  Баъдан    Мартин Брайтвайт ба натиҷаи вохӯрӣ нуқта гузошт.  Ёдовар мешавем, ки  дар бозии якум “Севиля” бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфта буд.  Ҳамин тариқ, “Барселона” ба даври ниҳоии  Ҷоми Испания роҳ ёфта, дар ин марҳила бо ғолиби ҷути «Леванте» — «Атлетик» вомехӯрад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив