LIVE

«Севиля» «Барса»-ро пешпо дод

Дар бозии даври панҷуми чемпионати Испания дастаҳои «Барселона» ва «Севиля» бо ҳам қувва санҷиданд. Дидори мазкур бо ҳисоби мусовии 1:1 хатм шуд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 8-ум ҳамлагари «Севиля» – Люк де Йонг боз намуд. Ду дақиқа пас аз ин ҳолат каталониҳо бо голи задаи Филипе Коутиню ҳисобро баробар сохтанд. Бозӣ бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. «Барса» баъди ин дидор ба зинаи панҷуми ҷадвали мусобиқа баромад ва «Севиля» зинаи шашумро касб намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив