LIVE

Нокомии "Ливерпул" аз "Севиля"

Бошгоҳи футболи “Ливерпул” дар бозии дӯстонаи пеш аз мавсим бо дастаи “Севиля” майдондорӣ намуд. Вохӯрии бошгоҳҳо дар майдони «Фенвэй Парк»-и ИМА баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди бошгоҳи испанӣ хатм шуд. Маврид ба ёдоварист, ки натиҷаи бозиҳои мазкур барои дастаҳо ягон аҳмияте надорад. Ин як мусобиқаи тиҷоратиест, ки ҳар сол пеш аз оғози мавсим байни дастаҳои Аврупо баргузор мешавад. Хотиррасон мекунем, ки бошгоҳи “Ливерпул” қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо мебошад.
Бозии дӯстона
"Ливерпул" - "Севиля" - 1:2 (1:1)
Голҳо: Нолито, 37 (0:1). Ориги, 44 (1:1). Посо, 90 (1:2). 
"Ливерпул": Лонерган (Миноле, 46), ван Дейк (Хувер, 46), Робертсон (Ҷо Гомес, 46), Филлипс (Ловрен, 46), Александр-Арнолд (Ларуси, 46), Вайналдум (Фабиню, 46), Хендерсон (Милнер, 46), Окслейд-Чемберлен (Люис, 46), Ориги (Кент, 46), Вудберн (Брюстер, 46), Уилсон (Джонс, 46).
"Севиля": Рико (Васлик, 46), Регилон (Коршя, 46), Каррису (Кунде, 46), Диегу Карлос (Кйер, 46), Банега (Эскудеро, 46), Фернанду Режес (Оливер Торрес, 46), Окампос (Гнанон, 60), Хоан Хордан (Бен Йеддер, 60), Хесус Навас (Васкес, 46), Нолито (Даббур, 46), де Йонг (Эл-Ҳаддадӣ, 46. Посо, 80).
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив