LIVE

Лопетеги: «Севиля» бо иштибоҳи довар аз «Реал» шикаст хурд

Сармураббии «Севиля» Хулен Лопетеги баъд аз шикаст хурдани дастааш дар даври 20-уми Ла-Лига аз  «Реал» (1:2)  кори доварони бозиро ғайри қаноатбахш хонд. Зеро довари марказ голи задаи ҳамлагар Люк де Йонгро қабул накард.
Ҳангоме, ки гол ба инобат гирифта нашуд Лопетеги дод зада гуфтааст «Ин шармандагист, ин шармандагист!» 
Дар қисми аввал довари асосӣ  Хуан Мунуэра голи  де Йонгро бо кӯмаки  VAR ҳисоб накард. Ба назари видеодоварон зимни иҷрои зарбаи кунҷӣ ниммуҳофизатгари  «Севиля» Неманя Гудел бар муқобили дифогари «Реал» Эдер Милитао қоидаситезӣ кард. 
«Реал» бо касби 43 имтиёз боз ба зинаи аввал баромад. «Севиля» 35 хол дорад ва мақоми 4-умро ишғол мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив