LIVE

“Барселона” дар мусовии худ VAR-ро гунаҳгор кард

Дастаи “Барселона” дар меҳмонии “Реал Сосйедад” имтиёз аз даст дод. Набарди тимҳо пуршиддат доир шуда, бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Баъди ин дидор “Барселона” кори VAR-ро ғайри қанотбахш хонд. Дар ин робита Президент «Барселона» Хосеп Мария Бартомеу гуфтааст, ки аз пушти ин система шикоят мебарад. Тавре гуфта мешавад Бартомеу шикояти расмӣ ба роҳбарияти ФФИ хоҳад навист. Ҷониби бошгоҳи каталонӣ аз он норозианд, ки довар  Хавйер Алберола Рохас, баъди афтитидани Жерар Пике дар ҷаримагоҳ ҷониби дарвозаи  «Реал Сосйедад» пиналти тайн накард. Баъд аз ба миён омадани ҳолати мазкур Рохас дарҳол ишора кард, ки зарбаи ҷаримавӣ нест ва аз доварони видеои низ барои тақиқкардани ҳолат кӯмак нахост.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив