LIVE

"Реал Мадрид" аз финали Суперҷом маҳрум гашт

Дар бозии даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания дастаи "Атлетик Билбао"  тими "Реал Мадрид"-ро шикаст дод.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи  "Ла Росалед"-и Малага доир шуда,  бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди "Атлетик"  поён ёфт.   Дар дақиқаи 18-ум  ҳисобро  нимҳимоятгари "Атлетик"  Раул Гарсия   боз намуд.  Баъдан Раул  аз зарбаи ҷаримавии 11 метра  ба задани гол   даст ёфта, бартарии тимашро дучанд сохт.   Дар нимаи дуюми дидор  дар дақиқаи 73-юм  Карим Бензема тӯбро дохили тӯри ҳарифон сохт. Сараввал довар онро  ба қайд нагирифт, вале пас аз машварат бо   ёваронаш голро ҳисоб кард.  Ҳамин тавр "Атлетик Билбао" ба финали Суперҷоми Испания баромада, 17 январ  дар ин марҳила бо "Барселона" неру месанҷад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив