
“Бобати Месси гуфтаниям, ки мо бояд боз чанд рӯзи дигар барқароршавии саломатии ӯро интизор шавем. Чунки то ҳол маълум нест, ки ӯ метавонад бозӣ кунад ё не”- гуфтааст Куман дар саволи рӯзноманигорон.
Лионел Месси дар бозии даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания ба муқобили “Реал Сосйедад” (1:1, 3:2) ба майдон набаромад. Футболбози аргентинӣ дар дидор бо “Гранада” ҷарроҳат бардоштааст. Дар даври ниҳоии Суперҷом “Барселона” бо ғолиби ҷуфти “Реал Мадрид” ва “Атлетик Билбао” неру месанҷад.