LIVE

"Барселона" бидуни Месси ба финали Суперҷоми Испания баромад

Дар бози даври нимниҳоии Суперҷоми Испания тимҳои “Барселона” ва “Реал Сосйедад” ба ҳам омаданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Нуэво Арканхел”-и  Кордова доир гардида, бо пирӯзии футболбозони "Барселона" поён ёфт. Дар дақиқаи 39-уми пайти аввали нерусанҷӣ нимҳимоятгари “Барселона” Френки де Йонг аз партофти Антуан Гризманн истифода намуда, ҳисобро кушод. Футболбозони Сосйедад дар дақиқаи 51-уми пайти дуюм ҳисобро баробар  намуданд. Ҳамлавар Микел Оярсабал ҷаримаи 11 метраро бехато иҷро намуда, таносубро барқарор кард. То охири вақти асосии бозӣ ва қисмҳои иловагии рақобат дастаҳо натавонистанд натиҷаро тағйир диҳанд. Ғолиб танҳо пас аз силсилазарбаҳои пиналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаи 11 метра дарвозабони дастаи "Барселона" Марк Андре Терштеген аз худ маҳорати баланди касби  нишон дода, дастаашро ба пирӯзӣ расонд. Пас аз ин муваффақият бошгоҳи “Барселона” ба марҳилаи ниҳоии Суперҷоми Испания роҳ ёфт. Дар финали мусобиқа шогирдони Роналд Куман бо ғолиби ҷуфти дастаҳои ”Реал” Мадрид ва  “Атлетик» Билбао неру месанҷанд. Баргузории бозии дастаҳои  ”Реал” ва  “Атлетик” имшаб дар назар аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив