LIVE

"Барселона" "Реал Сосйедад"-ро аз мақомаш барканор кард

    Дастаи “Барселона” рақобати даври 19-уми чемпионатро, ки бинобар сабаби иштирок дар Суперҷоми Испания як моҳ барвақт сурат гирифт, бо дастаи “Реал Сосйедад” доир кард ва бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Каталониҳо дар қисми якум бартарии комил доштанд, аммо аз 5 имконияти голзанӣ танҳо 2-тоашро истифода бурданд. Ҳарчанд аввалин шуда ҳамлагари меҳмонон Жозе Виллиан дар дақиқаи 27-ум ҳисобро кушода бошад ҳам, то анҷоми қисми якум “нилунориҳо” бо голҳои Жорди Алба (дақ. 31) ва Френки де Йонг (дақ. 43) ҳисобро 2:1 карданд.

    Дар ҷараёни қисми дуюми рақобат ҳунарнамоии баробари дастаҳо ба чашм расид, лекин ҳар ду бошгоҳ имкониятҳои худро дигар истифода бурда натавонистанд ва ҳисоб бетағйир боқӣ монд.

Мизбонон баъд аз ин пирӯзӣ бо 20 хол ба зинаи 5-уми Ла Лига баромаданд. Реал Сосйедад бошад, бо дарназардошти таносуби тӯбҳо пас аз ин бохт мавқеи худро дар садри ҷадвал ба “Атлетико”  Мадрид дод, ҳарчанд бо онҳо шумораи якхелаи имтиёзҳоро доранд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив