LIVE

"Барселона" бо шикаст додани «Бетис» ба финали Суперҷоми Испания баромад

Бозиҳои ниманиҳоии Суперҷоми Испания ба анҷом расид, ки дар он «Бетис» бо «Барселона» рақобат кард. Ин дидор дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд”-и шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд. 

Дар нимаи аввал “Барселона” тӯбро зиёд идора мекард, ки ин натиҷа дод. Каталониҳо тавонистанд, дар дақиқаи 40-ум гол зананд. Роберт Левандовски ҳисобро боз намуд. 

Дар дақиқаи 77-ум Набил Фекир тавонист дар ин дидор ҳисобро баробар кунад. Дар вақти асосӣ ғолибро муайян карда натавонистанд, дастаҳо бозиро дар вақти иловагӣ идома доданд.

Дар ибтидои 15 дақиқаи аввал «Барселона» ба шарофати голи Ансу Фати пешсаф шуд. Пас аз ҳашт дақиқа бозигари "Бетис" Лорен Морон ҳисобро баробар кард. Дар вақти боқимонда дигар ҳисоб дағйир наёфт ва дар иҷрои зарбаҳои 11 метра «Барселона» бо ҳисоби 4:2 ғалаба даст ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив