LIVE

Нокомии Хави дар аввалин "Эл-класико"

Бозии ниманиҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои «Барселона» ва «Реал Мадрид» баргузор шуд. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Шоҳзода Фаҳд»-и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бозӣ карданд. Вохӯрӣ ба хисоби 3:2 ба фоидаи мадридиҳо анчом ёфт. Дар дақиқаи 25-ум Винисиус Жуниор ҳисобро кушод. Карим Бензема ба тарафи Винисиус тӯбро ирсол намуд, ки ҳамлагари ҷавон рост ба кунҷи дарвоза зарба зад. Пас аз ин, Усмон Дембеле ба майдончаи ҷаримавӣ зарба зад, ки Эдер Милитао бо як расиш вазъро дар назди дарвоза рафъ карданӣ шуд, аммо Люк де Йонг тавонист пои худро ба пеш гузорад, ки баъди он тӯб ба дарвоза ворид шуд. Ҳамлагар Карим Бензема мадридиҳоро ба пеш баровард. Аммо Ансу Фати дар дақиқаи 82-юм ҳисобро баробар кард. Федерико Валверде дар дақиқаи 98-ум ғалабаи "Реал Мадрид"-ро дар ин бозии мушкил таъмин сохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив