LIVE

“Барселона” дар бозӣ бо “Леванте” боз ду имтиёз аз даст дод

Дар бозии даври 36-уми Ла Лига “Леванте” дар майдони худ “Барселона”-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:3 ба анҷом расид. Дар дақиқаи 25-ум Лионел Месси ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 34-ум Педри голи дуюми меҳмононро ба ҳадаф расонид. Дар оғози қисми дуюми дидор соҳибони майдон ҳисобро баробар карданд. Дар дақиқаи 57-ум голро Гонсало Мелеро ва ду дақиқа пас Хосе Луис Моралес заданд.
Дар дақиқаи 64-ум, “Барселона” боз бо кӯшиши Усмон Дембеле пешсаф шуд, аммо “Леванте” тавонист ба ин гол низ посух диҳад. Дар дақиқаи 83-юм Серхио Лион ҳисобро баробар кард. 
“Барселона” дар 36 бозӣ 76 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали чемпионати Испания дуввум шуд. “Леванте” дар ҷои 13-ум аст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив