LIVE

Себастян Аллер баъд аз муолиҷаи шаш моҳа аз саратон ба майдон баргашт

Ҳамлагари «Боруссия»-и Дортмунд Себастян Аллер бори аввал пас аз ҷарроҳӣ вориди майдон шуд.
Аллер дар дақиқаи 74-уми бозии дӯстона бо дастаи «Фортуна Дюсселдорф» ба майдон баромад. Бозӣ ба хисоби 5:1 ба фоидаи «занбурҳо» анчом ёфт. Амали хотирмоне ах ҷониби футболбози мунтахаби Кот д'Ивуар ба қайд гирифта нашуд. 
Ёдовар мешавем, ки футболбоз тобистони соли 2022 аз “Аякс” ба “Боруссия Д” гузашт. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи олмонӣ то соли 2026 амал мекунад.
Баъди гузариш ба Аллер ташхис нишон дод, ки ӯ ба бемории саратон гирифтор шудааст. Ҳамлагар аз химиотерапия гузашта, ду маротиба ҷарроҳӣ низ шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив