LIVE

На Месси на Роналду! Кӣ беҳтарин бозигари ҳафтаи Лигаи чемпионҳо мешавад?

Довталабони унвони беҳтарин бозигари даври 5-уми сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо маълум шуданд.

Ба рӯйхати УЕФА нимҳимоятгари «РБ Лейптсиг» - Эмил Форсберг, ҳамлагари «Аякс» - Себастян Алларе, вингери «Спортинг» - Педро Гонсалвес ва ҳамлагари «Интер» - Эдин Ҷеко шомил шуданд.
Форсберг дар бозӣ бо "Брюгге" дубл кард, Аллер ҳам ду маротиба дарвозаи "Бешикташ"-ро рахна сохт. Ҷеко ба дарвозаи  «Шахтёр» (2:0) ду гол  зада, Гонсалвес аз рӯи низоми «гол+пас» 3 хол (2+1) ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив