LIVE

Бозгашти дигарбораи Ансу Фати ба майдон баъд аз табобат

Ҳамлагари тими “Барселона” Ансу Фати шифо ёфта, ба даста баргашт. Дар ин бора хадамоти матбуоти клуби мазкур хабар додааст.
Ҳамлагар аз муоинаи тиббӣ бомуваффақият гузашт ва баъди табобат аввалин тамринро бо даста гузаронид. Интизор меравад, ки ин ситораи навкори каталониҳо 24-уми апрел бо дастаи “Райо Валекано” бозӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлагар дар дақиқаи 61-уми бозӣ бо «Атлетик» (2:3) ба майдон баромад ва баъди 35 дақиқа бар асари осеби гирифтааш майдонро тарк кард. 
Форвард аз ҷарроҳӣ даст кашида, табобати консервативиро интихоб кард. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки иқдоми футболбоз ва хонаводааш ба намояндагони мухталифи бошгоҳ, аз ҷумла, мураббӣ Хави ва доктор Рикард Пруна писанд набуд, зеро онҳомехостанд, ки Ансуро ҷарроҳӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, ҷавони 19-сола табобати консервативиро интихоб кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив