LIVE

"Барселона" боз бидуни Фати монд

Ҳамлавари ҷавони дастаи «Барселона» Ансу Фати имрӯз дар рафти тамрини даста дар зонуи росташ дардро эҳсос намудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти “нилунориҳо” иттилоъ додаанд. Акнун баъди ин ҳодиса футболбоз дар даври 11-уми Ла Лига бар зидди «Райо Валйекано» бозӣ карда наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки Фати дар бозии даври 10-уми Ла Лига бар муқобили “Реал” (1:2) дар дақиқаи 73-юм иваз карда шуд. Фати муддати тӯлонӣ ҷароҳат дошт ва чанд рӯз пеш ба ҳайати дастааш баргашта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив