LIVE

"Барса" Ансу Фатиро 1 млрд нарх монд

Сомонаи расмии дастаи «Барселона» аз бастани шатномаи нав бо вундеркинди даста Ансу Фати расман иттилоъ дод. Шартномаи қаблии Фати бо “нилунориҳо” то соли 2022 амал мекард. Тибқи шартномаи нав Ансу то соли 2027 дар даста боқӣ мемонад. Каталониҳо арзиши ин ситораи ҷавони худро 1 млрд евро арзёбӣ намудаанд. Яъне ҳар бошгоҳе агар хостори харидории Фати шавад, бояд аввал ба хазинаи “нилунориҳо” 1 млрд евро пардохт кунад. Ёдовар мешавем, ки Фати дастпарвари “Барселона” буда, тӯли ду сол мешавад, ки дар ин тим майдондорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив