LIVE

Роналду Фатиро дастгирӣ кард

Ҳамлагари "Ювентус" ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҳамлагари "Барселона" Ансу Фатиро ки эҳтимол дорад бо сабаби ҷароҳат боқимондаи мавсимро аз даст диҳад, дастгирӣ кард.
“Ту ба зудӣ бармегардӣ. Ба пеш", - навиштааст Роналду дар Инстаграми худ.
Фати моҳи ноябри соли гузашта дар бозӣ бо “Бетис” маҷруҳ шуда буд ва пас аз он ҷарроҳӣ гардид. Тибқи пешгӯиҳо, ӯ мебоист дар бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо бо Пари Сен-Жермен (1: 1) бармегашт, аммо барқароршавӣ ба таъхир афтод. Хабар дода шуд, ки шояд ӯ  ба амалиёти ҷарроҳии  дигар ниёз дошта бошад.
Вай дар ин мавсим дар ҳайати “Барселона” 10 бозӣ гузаронида, панҷ гол ба самар расонидааст. Илова бар ин, Фати аллакай дар тими миллии Испания чаҳор бозӣ гузаронида, як гол задааст.
Шартномаи ҷории Фати бо каталониҳо  то соли 2022 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив