LIVE

«МЮ» Фатиро бо 150 млн € аз «Барса» мегирад

Роҳбарияти «Барселона» пешниҳоди «Манчестер Юнайтед»-ро барои амалисозии трансфери ҳамлагари навраси худ - Ансу Фати рад кард. Ин навбат “девҳои сурх” барои ба даст овардани ин футболбози 17 сола 150 млн € пешниҳод карданд. Хабар дод The Times.
Пешниҳоди аввалини «Юнайтед» дар мавриди трансфери Фати 100 млн € буд. «Барселона» бошад, нақшаи аз даст додани футболбози испании решаи африқоӣ доштаро надорад. Нилунориҳо аз он метарсанд, ки «Манчестер Юнайтед» 170 млн маблағи озодшавии футболбоз ё худ ҷуброни қарордодро пардохт мекунад ва бозигарро бидуни розигии каталониҳо ба Манчестер мебарад. «Барселона» зимистон бо ин роҳ ҳамлагари “Леганес” - Мартин Брейтуэйтро бо пардохти 20 миллион ҷупронпулӣ ба ҳайати худ ҷалб сохт. Ҳарчанд “Леганес” розигӣ надода буд, чунин ҳолат бо худи «Барселона» соли 2017 рух дода буд. “Пари Сен-Жермен” бо пардохти 222 млн € маблағи озодшавӣ, ҳамлагари бразилӣ Неймарро ба Париж бурд. 
Фати дастпарвари «Барселона» буд. Дар мавсими ҷорӣ дар 16 бозии Чемпионати Испания ба майдон баромада, 4 гол задааст. Қарордоди ӯ то 30 июни соли 2022 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив