LIVE

"Барса" Ансу Фатиро бо 150 млн евро ба "МЮ" фурӯхтан нахост

Роҳбарияти «Барселона» пешниҳоди «Манчестер Юнайтед»-ро барои амалисозии трансфери ҳамлагари навраси худ - Ансу Фати рад кард. Ин навбат “девҳои сурх” барои ба даст овардани ин футболбози 17 сола 150 млн € пешниҳод карданд.

Пешниҳоди аввалини «Юнайтед» дар мавриди трансфери Фати 100 млн € буд. «Барселона» бошад, нақшаи аз даст додани футболбози испании решаи африқоӣ доштаро надорад. Нилунориҳо аз он метарсанд, ки «Манчестер Юнайтед» 170 млн маблағи озодшавии футболбоз ё худ ҷуброни қарордодро пардохт мекунад ва бозигарро бидуни розигии каталониҳо ба Манчестер мебарад. Ба ҳамин хотир дастаи каталони бо футболбози мазкур шарномаи нав баст ва арзиши озодшавии футболбозро аз 170 млн ба 400 млн евро боло бардошт.  
Фати дастпарвари «Барселона» буда, қабл аз оғози мавсим Ансу Фатиро расман бозигари ҳайати асосӣ намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив