LIVE

Ансу Фати чӣ мушкилӣ дорад?

Ҳамлагари дастаи “Барселона” Ансу Фати дар бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания бо тими “Атлетик” боз ҷароҳат бардошт.
Ҳамлагар дар дақиқаи 61-ум ба майдон баромад ва пас аз 35 дақиқа бар асари осеби гирифтааш майдонро тарк кард. Фати зимни тарки майдон карданаш, ашкашро дошта натавонист. Дар ин миён таҳлилгарон барон назаранд, ки табибони бошгоҳи каталонӣ нисбати ин футболбоз ба саросемагӣ роҳ доданд. Зеро баъд аз табобати дуру дароз ӯ ҳануз пурра барқарор нашуда буд ва бояд то охир интизор мешуданд, аммо дархости ситоди мураббиёни клуб дар мавриди норасоии бозигарони ҳайати аввалия боис шуд, ки ба Фати бозгашти барвақтиро иҷозат доданд ва натиҷааш ба зарари худи футболбоз омада расид. 
Ин дуюмин бозии ҳамлагари ҷавон баъд аз муолиҷаи беш аз 10 моҳа маҳсуб мешуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 Фати дар бозӣ бо “Бетис” аз зонуаш сахт осеб дида буд. Дар аввал тахмин мезаданд, ки бозгашти ӯ пас аз чаҳор моҳ сурат хоҳад гирифт. Аммо, бо сабаби мушкилоти зону, ӯ мавсими боқимондаро аз даст дод ва инчунин натавонист дар Евро-2020 ширкат кунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив