LIVE

Ансу Фати то бозии "Эл Класико" омода мешавад ё не?

Сармураббии бошгоҳи «Барселона» Хави Эрнандес дар бораи ҳамлагар Ансу Фати, ки бар асари ҷароҳат аз моҳи ноябр инҷониб дар майдон бозӣ накардааст, маълумот дод.
"Мо Ансуро дӯст медорем. Барои мо бозгашти дигарбораи ӯ ба майдон  хабари хуб аст. Ӯ барои барқарор намудани саломатии худ  зиёд талош кард. 
Фати як бозигари асосӣ аст. Мо намехоҳем, ки нисбати саломатии ӯ таваккал кунем, зеро он гоҳ мо то охири мавсим аз даст медиҳем.
Аз ин рӯ, ман ҷонибдори пурра барқарор шудани бозигар ҳастам”, - гуфт мутахассиси испанӣ.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ бо “Реал Мадрид” дар даври ниманиҳоии Суперҷоми Испания рӯзи 12 январ баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив