LIVE

Роберто Мартинес сармураббии Роналду шуд

Собиқ сармураббии мунтахаби Белгия Роберто Мартинес мунтахаби Португалияро ба дӯш гирифт.  Мутахассиси 49-солаи испанӣ ва Федератсияи футболи Португалия қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Мартинес дар ин вазифа, Фернанду Сантушро ки пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол аз мақомаш барканор шуда буд, иваз кард. 

Мартинес пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар мақоми сармураббии тими миллии Белгияро тарк кард. Дастаи ӯ дар чаҳоргона бо Хорватия, Марокаш ва Канада мақоми севумро касб кард.

Португалиягиҳо ба даври чорякфиналии мусобиқот роҳ ёфта, аз Марокаш бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив