LIVE

Роберто Мартинес аз вазифаи сармураббии Белгия истеъфо дод

Сармураббии Белгия Роберто Мартинес аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора худи мураббия пас аз он ки дастааш ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳон набаромад, хабар дод.

«Ин охирин бозии ман ба ҳайси мураббии тими миллӣ буд. Ҳоло ман аз ҳарвақта бештар эҳсосотиам. Ман наметавонам ин тавр кор кунам. Аллакай бо бозигарон ва кормандон видоъ гуфтам. Ба ҳар ҳол, новобаста аз он ки чӣ мешавад, рафтанӣ будам.
Ҳатто агар мо қаҳрамони ҷаҳон ҳам мешудем, ман вазифаи худро тарк мекардам. Ин тасмимро чанде пеш аз оғози мусобиқа қабул кардам," гуфтааст Мартинес.

Бояд қайд кард, ки мутахассис аз соли 2016 тими миллии Белгияро раҳбарӣ мекард. Бо ӯ даста ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии Русия роҳ ёфт, ки дар он аз тими миллии Фаронса шикаст хӯрд ва сипас бо шикаст додани Англия мақоми сеюмро ишғол намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив