LIVE

Сантуш мунтахаби Португалияро тарк намуд

Фернанду Сантуш аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Португалия истеъфо дод.

Дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 мунтахаби Португалия бо ҳисоби 1 бар 0  аз Марокаш шикаст хӯрд.

Баъд аз баромади нобарори тими миллӣ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонр, роҳбарити футболи Португалия ва Сантуш  бо   хоҳиши тарафайн қарордоди ҳамкориро бекор карданд.
 
Сантуш аз соли 2014 сармураббии тими миллии Португалия буд. 
Таҳти роҳбарии ӯ даста дар соли 2016 қаҳрамони Аврупо ва дар соли 2019 барандаи Ҷоми Лигаи Миллатҳои Аврупо гардида буд. 

Ёдовар мешавем, ки ҷойгузини Фернанду Сантуш, сармураббии дастаи «Рома» Жозе Моуриню гуфта мешавад.  

Қаблан ӯ тимҳои «Порту», «Спортинг», «Бенфика»-и Португалия, инчунин, АЕК, ПАОК ва «Панатинаикос»-и Юнонро роҳбарӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив