Сармураббии дастаи «Рома» Жозе Моуриню имкон дорад, ки роҳбари тими миллии Партугалия шавад.
Ба иттилои манбаъ, Федератсияи футболи кишвар ба ин мутахассиси 59-сола таваҷҷӯҳ дорад ва аллакай бо мураббӣ тамос гирифтааст.
Федератсияи футболи Португалия омодаанд, ки Жозе Моуриню ҳамзамон бо клуби «Рома» низ кор кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ба зудӣ Федератсияи футболи Португалия аз истеъфои сармураббии тими миллӣ Фернанду Сантуш хабар медиҳад.
Португалия дар Чемпионати ҷаҳон дар Қатар ба 1/4 финал баромад ва дар он аз тими Марокаш шикаст хӯрд (0:1).