LIVE

Бозигари «Манчестер Юнайтед» бо «Рома» қарордод баст

Нимҳимоятгари англисии «Манчестер Юнайтед» Неманя Матич, ки шартномааш бо бошгоҳ 30 июн ба поён мерасад, бо «Рома»-и Италия шартнома баст. Ба иттилои манбаъ, футболбози 33-солаи серб ба зудӣ аз муоинаи тиббӣ гузашта, барои як мавсим шартнома мебандад ва ҷонибҳо имкон доранд, ки онро барои як соли дигар тамдид созанд. 
Матич соли 2017 аз дастаи «Челси» ба «Манчестер Юнайтед» гузашта буд. Аз он вақт инҷониб, нимҳимоятгар дар 189 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо 4 гол ва 11 партофти головар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Матич таҳти роҳбарии Жозе Моуриню, ки феълан сармураббии «Рома» мебошад, дар «Челси» ва «Манчестер Юнайтед» кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив