LIVE

Бо омадани мураббии нав бозигарони куҳна мегурезанд

Ниммуҳофизатгар Неманя Матич гуфтааст, ки дар баробари анҷоми мавсим тари дастаи "Манчестер Юнайтед" хоҳад кард. 

"Ба чунин хулоса омадам, ки аз даста равам. Ман мураббӣ, роҳбарият ва ҳамдастагонамро дар бораи ин иқдоми худ хабардор кардаам. Барои ифтихори бузург аст, ки дар ин бошгоҳ бозӣ кардам. Ташаккур ба мухлисон барои дастгирии доимиатон. То охири мавсим ман худро комилан ба бозӣ медиҳам”, - навиштааст Матич дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Шартномаи феълии бозигари 33-солаи сербиягӣ бо "Манчестер Юнайтед" то соли 2023 ҳисоб шудааст, аммо клуб ният надорад, ки то анҷоми шартнома интизор шавад. Дар мавсими имсола нимҳимоятгар дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” 26 бозӣ анҷом дода, ду ассист кардааст. 
31 июли соли 2017 гузашти Матич ба “Манчестер Юнайтед” аз “Челси” эълон шуд. Сипас, нимҳимоятгари сербӣ бо клуб шартномаи сесола баст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив