LIVE

Мхитарян тарки "Арсенал" намуда, бо "Рома" шартнома баст

"Арсенал"-и Лондон дар саҳифаи расмии худ дар бораи қатъи шартнома бо нимҳимоятгар Генрих Мхитарян бо розигии тарафайн эълон кард. Мхитарян баъд аз бекор кардани қарордод бо дастаи лондонӣ ҳамакунун расман футболбози тими Рома шуд. Мхитарян мавсими гузашта дар дастаи шаҳри Рим бозигари иҷоравӣ буд.  Дар мавсими солҳои 2019/20, нимҳимоятгари 31-сола дар 22 бозии Серияи А-и Италия ширкат варзида ба задани 9 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Қаблан футболбози арманӣ дар дастаҳои “Шахтёр”, “Боруссия” - Дортмунд ва “Манчестер Юнайтед” бозӣ кардааст. Аз соли 2007 Мхитарян бозигари тими миллии  Арманистон маҳсуб мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив