LIVE

Клопп бо шогирдаш Алисон соҳиби ҷойза шуданд

Беҳтарин мураббии соли 2019 сармураббии бошгоҳи «Ливерпул» - Юрген Клопп эълон карда шуд. Дар маросими ҷойзасупории Globe Soccer Awards дар наминатсияи мураббии сол, дар баробари мутахассиси олмонӣ, ҳамчунин  Эрик тен Хаг аз «Аякс» ва Фернанду Сантуш мунтахаби Португалия низ шомил буданд. 
Алисон Бекер бошад, дарвозабони сол интихоб шуд. Дар соли сипаришаванда, «Ливерпул» ғолиби Лигаи чемпионҳо, барандаи  Суперҷоми УЕФА, инчунин  нишони тиллои чемпионати Ҷаҳон байни бошгоҳҳои футболро низ моли худ сохт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив