Дар шаҳри Дубай маросими ҷойзасупорӣ таҳти унвони “Globe Soccer Awards” баргузор гардид, ки дар он беҳтарин тими футбол интихоб карда шуд. Беҳтарин бошгоҳи футбол аз нигоҳи Globe Soccer Awards дар соли сипаришаванда, «Ливерпул» гардид. Барои ин унвони анъанавӣ се бошгоҳ: «Ливерпул»-и Англия «Аякс»- и Ҳоланд ва дастаи занонаи «Лион»-и Фаронса довталаб маҳсуб мешуданд. «Ливерпул» бидуни шубҳа бошгоҳи сол дар ин маросим эълон карда шуд.