LIVE

Мессию ван Дейк боз барои як ҷоиза талош доранд

Феҳристи охирин довталабон барои дарёфти унвони беҳтарин футболбози сол аз рӯи фарзияи Globe Soccer Awards  эълон карда шуд. Дар даври ниҳоӣ исми чаҳор футболбоз Криштиану Роналду, аз «Ювентуса», ҳамлавари «Барселона» Лионел Месси, футболбозони «Ливерпул» Муҳаммад  Салоҳ ва Вирджил ван Дейк дарҷ гардидааст. Давоми се соли охир пайдар ҳам ин ҷоизаро Роналду марбути номи худ сохтааст. Ӯ дар маҷмуъ аз ҳама бештар панҷ маротиба дар ин маросим беҳтарин дониста шудааст.  Барои унвони беҳтарин мураббии соли 2019 Юрген Клопп, Фернанду Сантуш ва Эрик тен Хаг довталаб дониста мешаванд. Барои наминатсияи кашфиёти сол бошад, Анссумане Фати аз «Барселона», ҳамлагари «РБ Залтсбург» Эрлинг Холанн, намояндаи  «Боруссия» Ҷейдон Санчо, ва ҳамчунин  Жоау Фелиш аз «Атлетико» шомил гаштаанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив