LIVE

Роналду — беҳтарин футболбози соли 2019

Дар шаҳри Дубай маросими ҷойзасупорӣ таҳти унвони “Globe Soccer Awards”  сурат гирифт.  Беҳтарин футболбози соли 2019 ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи «Ювентус» - Криштиану Роналду интихоб шуд. 
Дар мубориза барои соҳиб шудани ин унвони маъруф, бозигари 34 сола аз муҳофизатгари «Ливерпул» Вирджила ван Дейк, форварди «Барселона» Лионел  Месси ва ҳамлагари  «Ливерпул» Муҳаммад  Салоҳ пеш гузашт. 
Роналду барои бори чаҳорум пай дар ҳам ва дар маҷмуъ маротибаи шашум аст, ки аз нигоҳи Globe Soccer Awards беҳтарин футболбози сол интихоб мешавад.  
Роналду дар 14 дидори Серии А - 10 гол зада, як партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив